image

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх

date_range02.07.2026, 11:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye40

2 июл Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро баррасӣ намуда, оид ба дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба табодули назар анҷом доданд.

Аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои амалии Фонди рушди Саудӣ, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои молиявии саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтории Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, гидроэнергетика, захираҳои об, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, иқтисоди сабз, сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор дода, идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Риёз ва танзими фаъолияти меҳнатии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои оянда номиданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои гуфтушунид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ мусоидат хоҳанд кард.