image

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

date_range06.07.2026, 15:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye41

Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (солҳои 2027–2036) бо иштироки роҳбарият ва кормандони ниҳод баргузор гардид. Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (солҳои 2027–2036) бо ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза бозгӯи нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик буда, дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Зикр гардид, ки дар шароити мураккаби авзои сиёсии ҷаҳон сулҳ ҳамчун неъмати бузург ва арзиши бебаҳо аҳаммияти хос дорад. Бидуни сулҳу субот ва амният ҳеҷ кишвар наметавонад ба рушду тараққии устувор ноил гардад. Аз ин рӯ, таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. 

Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён масъалаҳои марбут ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти таҳкими фарҳанги сулҳ, аҳаммияти Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамчун санади байналмилалӣ ва нақши он дар рушди ҳуқуқи инсон ва таҳкими сулҳу суботро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Сарвиноз Гулова

«Телевизиони Душанбе»