image

НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД

date_range22.07.2026, 07:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye2

Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар натиҷаи 51 чорабинии аудиторие, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо анҷом дод, ба маблағи 336 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ ошкор гардид. Аз ин маблағ 202 миллиону 800 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд. 

Роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, аз натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ 27 мавод ба маблағи 212 миллиону 100 ҳазор сомонӣ барои баррасӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ ирсол гардид. 

Ҳамзамон, барои бартараф намудани камбудиҳо ва норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ 11 хулоса ва мактуби иттилоотӣ бо 563 тавсияи судманд пешниҳод шуда, 16 қарор ва фармон қабул гардида, нисбат ба 30 нафар чораҳои интизомӣ татбиқ карда шуданд. 

Дар нишаст таъкид гардид, ки дар Палатаи ҳисоб раванди ислоҳоти соҳавӣ идома дошта, бо дарназардошти талаботи Стандартҳои байналмилалии мақомоти олии аудит (ISSAI) ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам як қатор санадҳои методӣ, аз ҷумла «Стандарт оид ба гузаронидани аудити барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Роҳнамо оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани аудити энергетикӣ» ва «Роҳнамо оид ба гузаронидани аудити лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ» тасдиқ гардидаанд.    

Аз ҷараёни ин нишасти хабарӣ шоми имрӯз соати 19:00 ва 21:00 гузориши Саодат Тоирӣ тавассути барномаи иттилооти "Вақт" аз Телевизиони Душанбе манзури бинандаго