image

БАРГУЗОРИИ БАРНОМАИ БОШУКӮҲИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

date_range06.08.2026, 00:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye4

5 август тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита ба баргузории барномаҳои бошукӯҳи фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт бахшида ба истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин замина, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби ансамблҳои ҳунарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии ҳунарию сафарии «Базморо» барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

      Дар чорабинии мазкур мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Академия, инчунин сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуда, аз иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ва барномаи рангини консертӣ баҳравар гардиданд.
     Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мусоидат намуд.
        Бояд иброз намуд, ки чунин барномаҳои фарҳангӣ бо ҷалби ансамблҳои ҳунарии назди вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар то ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд.