image

ФАЗОИ ИДОНА ДАР МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ҶИҲАТИ САЗОВОР ТАҶЛИЛ НАМУДАН АЗ ҶАШНИ 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

date_range10.08.2026, 21:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

    Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҳаллаи Саҳбо ба муносибати истиқболи шоиста аз ҷашни муқаддасу таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо чорабинии фархангӣ баргузор гардид.
      Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия Манижабону Аминзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия иштирок намуда доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, ватандӯстии ҷавонону наврасон, таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханрони намуданд.
   Инчунин ҷиҳати болидахотирии сокинон барномаи фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.
     Бояд иброз намуд, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо ва барномаҳои фарҳангӣ дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия то ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.