БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР "МАКТАБИ ВАРЗИШӢ"-И НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР
10 август дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамоиши бошукӯҳи варзишӣ ва ахлоқӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии тантанавӣ намояндагони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, роҳбарият, мураббиён, варзишгарони пуртаҷрибаи мактаби варзишии ноҳия, фаъолони соҳа ва даҳҳо нафар тарбиягирандагони мактаби варзишӣ ҷамъ омаданд.
Чорабини бо Садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки ба чорабинӣ руҳияи хоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ бахшид.
Мақсад ва аҳамияти давлатии чорабинии мазкур, пеш аз ҳама силсила ҳадафҳои муҳимми тарбиявию варзиширо фарогир аст. Инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби густурдаи наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ ва дур нигоҳ доштани онҳо аз омилҳои номатлуб низ аз ҳадафҳои ҳамоиши мазкур аст.
Қадрдонии заҳмати содиқонаи мураббиён ва варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ парчами кишварро баланд мебардоранд, ки ба ин васила афзудани ҳисси масъулиятшиносӣ, иродаи қавӣ ва руҳияи созанда дар байни насли ҷавони кишвар меафзояд.
Дар қисмати расмии ҳамоиш масъулони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва роҳбарияти мактаби варзишӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо иди касбии варзишгарон табрик намуданд, аз ҷумла зикр гардид, ки «Варзиш на танҳо заминаи саломатии ҷисм, балки воситаи муҳимтарини ташаккули маънавиёт, интизом ва иродаи шикастнопазир мебошад. Дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи варзиш имконият дод, ки ҷавонони мо дар арсаи байналмилалӣ дастовардҳои беназир ба даст оранд».
Яке аз лаҳзаҳои ҳаяҷонбахши ҳамоиш маросими қадршиносӣ буд. Аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»- ноҳия мураббиёни пешқадам барои саҳми арзанда дар тарбияи варзишгарони унвондор ва хизмати содиқона, варзишгарони номвар ва тарбиягирандагони фаъол, барои иштироки муваффақона дар мусобиқаҳо ва ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ, кормандони намунавӣ барои фароҳам овардани шароити хуби кориву тамринӣ бо сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ гуфта шуд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрин ва ҷолиб гардонидани соҳаи варзиш барои ҷавонон кафолати тарбияи насли солим, фаъол ва ватандӯст мебошад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ