БАРГУЗОРИИ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита ба баргузории барномаҳои бошукӯҳи фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт бахшида ба истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин замина, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С. Айнӣ бо иштироки ҳунармандони Ансамбли “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва раидои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия Манижабону Аминзода мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва инчунин сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуда, аз иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ва барномаи рангини консертӣ баҳравар гардиданд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мусоидат намуд.
Бояд иброз намуд, ки чунин барномаҳои фарҳангӣ бо ҷалби ансамблҳои ҳунарии назди вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар то ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ