ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ КАСБИИ ТАБИБОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
17 август дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, бо ташаббуси раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо роҳбарии муовини Раиси шаҳр Одилзода Дилбар, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳамчунин муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Нурхон Ҳаётзода, академик Ғиёсиддин Мироҷев, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат, собиқадорони соҳа ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.
Нахуст ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ки дар даромадгоҳи муассисаи мазкур ташкил гардида буд, дидан ба амал оварданд.
Зимни чорабиниӣ сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ҳозирин ва кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро ба иди касбиашон табрику шодбош гуфта, ба ҳар кадоми онҳо барору муваффақият таманно намуд.
Номбурда аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки маҳз бо пуштибонии амиқи Роҳбарияти Олии давлат соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Гуфта шуд, ки даврони соҳибистиқлолии давлатӣ рушди бемайлони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат таъмин гардида, баҳри ташхису табобати шаҳрвандон шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ин давра дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе низ бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ даҳҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд ва бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин гашта, ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар шуд.
Дар чорабинии идона ҳамзамон меҳмонон низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе ва дар симои онҳо кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро ба ифтихори Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон табрику шодбош намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор фаъолони соҳа бо нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаву Сипоснома сарфароз гардонида шуда, инчунин ба ғолибони озмунҳои Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе низ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Пешниҳоди барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта анҷомбахши чорабинии идона буд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ