image

БО САДОҚАТ, БО МУҲАББАТ ДАР ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАНЕМ!

date_range20.08.2026, 23:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

20 августи соли 2026 дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба таҷлили сазовори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур таҳти унвони «Бо садоқат, бо муҳаббат дар ҳифзи Истиқлоли Ватанем!» ҳамоиши тантанавии ҳизбиён баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур дар толори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ баргузор шуда, дар он роҳбарони кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, инчунин намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла шахсони дорои имконияташон маҳдуд ва аъзои Ассотсиатсияи миллии маъюбони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Саидзода Муҳаммадтоир, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур - Заррина Зуҳурзода ва намояндаи шахсони дорои имконияташон маҳдуд Рухшона Назарова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози ҳамоиш баромадкунандагон доир ба аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои 35 соли соҳибистиқлолии кишвар, таҳкими давлатдории миллӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла нақлиёту инфрасохтор, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, нақши Истиқлол дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар баромадҳо ба сиёсати иҷтимоии давлат, таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва шахсони дорои имконияташон маҳдуд, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъмини имкониятҳои баробар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Зикр шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ буда, маҳз дар заминаи он Тоҷикистон роҳи рушди устувор ва созандагиро интихоб намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар идомаи ҳамоиш, дар партави сиёсати иҷтимоии давлат ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ниёзмандону шахсони дорои имконияташон маҳдуд, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба афроди имконияташон маҳдуд, ки дар ҳамоиш ширкат доштанд, туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.

Ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳ ва дастгирии иҷтимоӣ буда, боиси хушҳолӣ ва болидарӯҳии иштирокчиён гардид.

Дар фарҷоми ҳамоиш баҳри болида намудани рӯҳияи иштирокчиён ва боз ҳам шукуҳманд баргузор гардидани чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ - консертӣ бо иштироки овозхонони саршиноси кишвар баргузор карда шуд.

Ҳамоиши тантанавии «Бо садоқат, бо муҳаббат дар ҳифзи Истиқлоли Ватанем!» дар фазои баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ баргузор гардида, иштирокчиён бори дигар садоқати худро ба Ватан, Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.