image

ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ ДАР МАҲАЛЛАИ НОДИРА

date_range21.08.2026, 16:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye3

     Дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҳаллаи Нодира як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуданд.

     Бо саҳми ширкати «Лега Пластика» дар маҳаллаи Нодира 350 метр роҳ мумфарш карда шуд. Ин иқдом барои беҳтар намудани инфрасохтори маҳалла, фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади сокинон ва воситаҳои нақлиёт ва зебо гардидани муҳити зист мусоидат менамояд.

     Анҷом додани чунин корҳои созандагӣ дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи равшани саҳмгузории соҳибкорон ва ташкилоту муассисаҳо дар ободонии маҳал ва татбиқи ҳадафҳои созандагӣ мебошад.

   Сокинони маҳаллаи Нодира барои чунин ташаббуси созанда ва саҳми ширкати «Лега Пластика» дар ободонии маҳалла изҳори сипос намуда, таъкид менамоянд, ки идомаи чунин иқдомҳо ба боз ҳам ободу зебо гардидани пойтахт ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.