ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
24-уми августи соли ҷорӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душанбе вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон, фаъолон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Зухурзода Зарина иштирок намуда, оид ба аҳамияти чунин мулоқотҳо дар таҳкими робитаи вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон ва баррасии масъалаҳои муҳими ҷомеа андешаронӣ намуданд.
Зимни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3, даъвати VII Амирзода Ориф Ҳамид оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди иқтисоди миллӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дигар самтҳои муҳими рушди кишвар маълумот пешниҳод намуд. Ҳамзамон, вакили Маҷлиси намояндагон Ниёзӣ Нуралӣ Сафар ба масъалаҳои рушди соҳаи сохтмон ва энергетика, аз ҷумла бунёди иншооти гидротехникӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карда, нақши ин соҳаҳоро дар рушди устувори кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳои иштирокдорон посух дода, ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои пешниҳодгардида омодагии худро изҳор намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ