image

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

date_range25.08.2026, 13:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye11

23 август ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Файзобод дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ ва ноҳияи Файзобод, ҳамчунин намояндагони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, маориф, меҳмонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ноҳияи Файзобод оғоз гардида, бо барномаи рангини фарҳангӣ идома ёфт. Ҳунармандони ноҳия бо суруду тарона, рақсу ҳунарҳои миллӣ фарҳангу анъанаҳои неки мардумиро муаррифӣ намуданд.

Рӯзҳои фарҳангӣ дар фазои идона, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои даврони Истиқлолият баргузор гардид.