image

Ифтитоҳи синфхона ва озмоишгоҳи нав дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур

date_range02.09.2026, 15:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye11

Бо мақсади беҳтар намудани раванди таълим ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад. Зимнан дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур бо ин мақсад синфхонаи нав  ба истифода дода шуд.

Дар доираи ифтитоҳи синфхонаи ба номи Файзулло Мирзо дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ҳамоиши маърифатӣ созмон дода шуд. Зимни он таъкид шуд, ки ифтитоҳи синфхона танҳо як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти донишгоҳ нест. Ин иқдом ҳамчун нишони эҳтиром ба шахсияти арзанда, фаъолияти касбӣ ва мероси илмӣ ва маънавии ӯ арзёбӣ мегардад.

Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ таъкид гардид, ки синфхона танҳо барои баргузории машғулиятҳои таълимӣ нест, балки он ҳамчун фазои омӯзиш, таҳқиқ, мубодилаи афкор ва тарбияи насли ҷавон хизмат менамояд.

Ифтитоҳи озмоишгоҳ ва синфхона бесабаб нест. Зеро Файзулло Мирзо илова ба фаъолияти касбии худ ҳамчун иқтисодӣ, ҳамзамон бо шавқ ва муҳаббати хос ба занбӯриаслпарварӣ шуғлварзида, доир ба ин самт асари мукаммали илмӣ таҳия намудааст. 

Дар идома меҳмонон аз синфхона ва озмоишгоҳи таълимӣ боздид намуда, бо шароити таълимӣ ва гӯшаи махсуси ба ӯ бахшидашуда шинос шуданд. Тибқи нақша, минбаъд дар ин синфхона ва озмоишгоҳи  дар баробари машғулиятҳои таълимӣ, семинарҳо, вохӯриҳои илмӣ, маҳфилҳо ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ баргузор хоҳанд шуд. Зеро дар он тамоми шароити зарурӣ бо имкониятҳои муосири таълими ин соҳаи муҳимми кишоварзӣ фароҳам шудааст.