image

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд

date_range02.09.2026, 13:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye2

2 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави маъмурии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки бино аз 11 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва дигар зерсохтори Кумита ҷойгир карда шудаанд.

Дар бинои мазкур 61 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 98 ҷой, ошхона барои 40 нафар, китобхона, ду толори машваратӣ, таҳхонаи дуқабата барои нақлиёти хизматӣ мавҷуд мебошад.

Бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар корҳои сохтмонӣ маҳсулоти баландсифати ватанӣ истифода шудааст.

Корҳои сохтмонӣ соли 2024 оғоз ёфта, фармоишгари бунёди иншоот Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати сохтмонии Бинокорон» мебошад.

Зимни боздиди шароит ва имконоти муҳайёгардида дар иншооти тозабунёд муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро даъват намуданд, ки аз шароиту имконияти мусоид самаранок истифода бурда, ба нафъи давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.

Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони соҳаи дин дар рӯзҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз кормандон ва масъулони соҳа даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имконияти муҳайёгардида тамоми кӯшиш ва талошро барои пешрафти соҳаи мазкур дар кишвар равона созанд.

Кормандон барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сипосу миннатдории амиқ баён доштанд.