ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун волотарин ва муқаддастарин арзиши миллӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ, ваҳдат ва ифтихори ватандорӣ маҳсуб меёбад. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти давлат барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ободонии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои пайваста амалӣ гардиданд.
Шоми имрӯз дар асосӣ Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ” ва Қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе “Дар бораи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе” дар Майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Шоҳмансур, роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони сохторҳои ноҳиявӣ, фаъолони ҷомеа, аҳли илму маорифу фарҳанг, ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Пеш аз оғози барномаи асосӣ меҳмонон ва иштирокдорон аз намоишгоҳи дастовардҳои ноҳияи Шоҳмансур дидан карданд. Дар гӯшаҳои намоишгоҳ ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, дастовардҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои фаъолияти созанда муаррифӣ гардида, меҳнати созандаи сокинон ва саҳми онҳо дар ободии ноҳия ва пойтахти мамлакат инъикос ёфт.
Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Шоҳмансур бо суханони табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрику муборакбод гуфтанд. Дар суханрониҳо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар пешрафти мамлакат, инчунин саҳми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ободониву рушди пойтахт таъкид гардид. Ҳамзамон, зарурати идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва саҳмгузории ҳар як сокин дар рушди минбаъдаи кишвар баён карда шуд.
Дар бахши тантанавии чорабинӣ як қатор фаъолону сокинони ноҳия барои фаъолияти пурсамар, меҳнати софдилона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои гуногун, ободонӣ ва пешрафти ноҳияи Шоҳмансур бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Раиси ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва асарҳои мусиқӣ, ки Ватан, Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва зебоиҳои Тоҷикистони азизро васф менамуданд, ба тантанаҳои идона ҳусни анҷом бахшиданд.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ