ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲ АЗ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
4 сентябр бо мақсади сазовор таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" чорабинии бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ доир карда шуд.
Дар доираи баргузории чорабинӣ меҳмонон ва сокинон шурӯъ аз даромадгоҳи боғ то Амфитеатр дар роҳрав аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду савдо, ободонию кабудизоркунӣ, ҷавонону варзиш, сохтмон ва саноат дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ дидан намуда, ба Амфитеатр ташриф оварданд.
Дар идома, нахуст Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим ва Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб баромад намуда, кулли сокинонро ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.
Дар фазои идона бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мукофоти давлатӣ, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардонида шуда, баъдан роҳбарияти ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдор бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва тарранумгари зебоиҳои диёр, барномаи рангини фарҳангиро ҳусни идона бахшиданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ