ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА АЗ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 30-СОЛАГИИ "ТЕЛЕВИЗИОНИ ДУШАНБЕ"
Дар остонаи ҷашни муҳими миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии “Телевизиони Душанбе” дар дар толори муассиса ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст доир ба фаъолияти 30 солаи “Телевизиони Душанбе” ҳамчун зодаи даврони истиқлол филми мустанад ба намоиш гузошта шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва намояндагони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, масъулони соҳаҳои гуногун, аҳли фарҳанг роҳбарият ва кормандони муассиса иштирок намуданд.
Дар оғози қисмати асосии ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии “Телевизиони Душанбе” табрик гуфта, оид ба аҳамияти истиқлол дар рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла воситаҳои ахбори омма, суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди босуръати соҳаи иттилоот ва телевизион имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, расонаҳои гуногун имрӯз дар муаррифии дастовардҳои кишвар, тарғиби арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷомеа нақши муҳим доранд. Дар идомаи ин масир бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ “Телевизиони Душанбе” соҳиби бинои наву замонавӣ ва шароити муосир гардид.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба дастоварҳои солҳои соҳибистиқлолии пойтахт ёдовар шуда, саҳми муассисаро дар инъикоси он махсус ёдовар шуд.
Қисмати дигари ҳамоиши тантанавӣ ба қадрдонии кормандони фаъол ва собиқадори соҳа бахшида шуд. Маврид ба зикр аст, ки ин амал арҷу эҳтиром ба хизмати содиқонаи кормандони фаъоли соҳа мебошад.
Ҳаминтавр дар вазъияти тантнавӣ аксари кормандони муассиса ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии “Телевизиони Душанбе” ҳавасманд гардонида шуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар баргузор гардида, ба ҳамоиш ҳусни дигар бахшид. Суруду таронаҳои ватандӯстона, оҳангҳои дилнишин фазои толорро боз ҳам идона намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ