МАРОСИМИ ГУСЕЛИ ҲАЙАТИ ВАРЗИШИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА 20-УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁӢ
Дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими гусели ҳайати варзишии кишвар ба 20-умин Бозиҳои Осиёӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор, намояндагони соҳаи варзиш, мураббиён ва варзишгарон иштирок намуданд.
Маросим бо намоиши видеоролик оғоз ёфт, ки дар он дастовардҳои варзишгарони тоҷик ва раванди омодагии онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ инъикос гардид.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти иштироки варзишгарони тоҷикро дар мусобиқаҳои қитъавӣ таъкид кард. Зикр гардид, ки баромади ҳар як варзишгар дар чунин мусобиқаҳо на танҳо майдони намоиши маҳорати касбӣ, балки василаи муаррифии Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Дилрабо Мансурӣ варзишгаронро ба истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида, риояи интизоми варзишӣ ва нишон додани иродаи қавӣ даъват намуда, ба онҳо дар мусобиқаҳои дарпешистода натиҷаҳои баланд орзу кард.
Баъдан раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор суханронӣ карда, аз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон ёдовар шуд.
Ӯ иброз дошт, ки натиҷаҳои варзишгарон самараи омодагии ҷиддӣ, меҳнати мураббиён ва талошҳои пайваста мебошанд. Аз ин рӯ, аз ҳар як узви мунтахаби кишвар масъулияти баланд, маҳорати касбӣ ва садоқат ба Ватан талаб карда мешавад.
Раиси Кумита ба варзишгарон таъкид намуд, ки дар сабқатҳо бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва иродаи қавӣ иштирок намуда, барои ба даст овардани натиҷаҳои арзанда талош намоянд.
Дар идомаи чорабинӣ Самадова Миҷгона — варзишгар оид ба риштаи бокс, ҳамчун парчамбардори ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Маросим бо таманниёти пирӯзӣ ва иштироки бомуваффақияти варзишгарони кишвар дар 20-умин Бозиҳои Осиёӣ ба анҷом расид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ