ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар ноҳияи Шоҳмансур мусобиқаи футбол миёни ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Дар маросими қадрдонӣ дастаҳои ғолиб бо Ҷоми мусобиқа ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа, дастаи маҳаллаи «Бинокорон» сазовори ҷойи аввал ва Ҷоми мусобиқа, дастаи маҳаллаи «Шоҳмансур-2» ҷойи дуюм ва дастаи маҳаллаи «Гулистон» ҷойи сеюм гардиданд.
Баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ҷавонон ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди маҳорати варзишӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба футбол ва истифодаи самараноки вақти холӣ мусоидат намуда, ҳамзамон барои таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи солими рақобат дар байни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо замина фароҳам меорад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ