image

ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ АЗ РӮИ УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №6 ва №1

date_range16.09.2026, 11:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye5

15 сентябр гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо усули "Мактаб ба мактаб" бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳия вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар вохӯрии мазкур мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндаи агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарияти муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшави ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатми будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", "Дар бораи маориф", "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ ва риояи маданияти шаҳрнишинӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.