image

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

date_range17.09.2026, 11:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye4

Дар Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Бозорзода Рустам Бозор, муовини раиси ноҳия Қодирзода Ҷовидон, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасонии маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини бахши коммуналии дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарият ва кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия иштирок намуданд.

Зимни маҷлиси тантанавӣ масъулин доир ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги миллати тоҷик андешаронӣ намуда, нақши он дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободонии кишварро муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор роҳбарият ва кормандони Раёсат барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар пешрафти соҳа бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ сармуҳандиси Раёсат Воҳидов Умед бо медали «Роҳсози фахрӣ» сарфароз гардонида шуд.

Чорабинии тантанавӣ бо таъкиди аҳамияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии пойтахт ҷамъбаст гардид.