image

Ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид

date_range18.09.2026, 14:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye17

18 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва муовини Вазири тиҷорат, муовини намояндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар музокиротҳои байналмилалии тиҷоратӣ Лин Тсзи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

Абдураҳмонзода А. С. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, маъданҳои муҳим ва «сабз», нассоҷӣ, чарму пойафзол ва саноати коркард, таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди амиқи ашёи хом, маҳаллисозии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, тиҷорати дуҷониба, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва таҳкими робитаҳо дар доираи механизми «Чин - Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардиданд.

Зимни ҷаласа таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин бар пояи дӯстии анъанавӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди мутақобила пайваста рушд намуда, ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба дар соли 2025 қариб ба 2,9 миллиард доллар расида, нисбат ба соли гузашта 46 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар анҷом ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ҳавасмандии худро баён намуда, Протоколи ҷаласаро ба имзо расониданд.

Сарвиноз Гулова

Телевизиони Душанбе