БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ШОҲНОМАХОНӢ” ДАР ПОЙТАХТ
1 октябр дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи пойтахт, аъзои ҳайати комиссия, ҳакамон, ғолибони озмун ва падару модарон иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои фарҳангпарвару маорифпарвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузор гардида, дар роҳи арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллат ва тарбияи насли донишманду худогоҳ аҳамияти хосса дорад.
Натиҷаҳои давраҳои озмун дар пойтахт нишон доданд, ки таваҷҷуҳ ба мутолиа ва омӯзиши «Шоҳнома» миёни хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногун ва аҳли зиё рӯ ба афзоиш дорад.
Дар даври якуми озмун дар шаҳри Душанбе 58 ҳазору 210 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 6 ҳазору 453 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Дар даври дуюм, ки дар ноҳияҳои пойтахт баргузор гардид, 6 ҳазору 453 нафар иштирок намуда, дар натиҷаи рақобати солим ва арзёбии донишу маҳорати довталабон 155 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд ва дар даври сеюм (шаҳрӣ) 36 нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври чорум, яъне ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳамзамон, 18 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, ки шогирдонашон дар даври сеюми озмун ғолибиятро ба даст оварданд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар охир, барномаи рангини фарҳангӣ-маърифатӣ, аз ҷумла бо иштироки ғолибони даврии шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ