БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе. 01.10.2026. Дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 сентябри соли 2026, №652, «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008 ба хизмати ҳарбӣ», дар пойтахт маросими тантанавии гусели ҷавонони шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Бобоҷон, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Каримзода Мирзоқосим иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан ва таъмини амнияту суботи кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус ба ҳисоб рафта, хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон мактаби муҳимми тарбияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ сарбозони комендатураи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳорати касбӣ ва омодагии ҷисмонии худро дар доираи намоиши машқҳои ҳарбӣ ба иштирокчиён нишон доданд. Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини консертии сарояндаҳои маъруф идома ёфта, ба фазои тантанавии чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2026, дар шаҳри Душанбе аз 1200 нафар нақшаи пешбинишуда, 760 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд, ки 63,3 фоизи нақшаи даъвати тирамоҳиро ташкил медиҳад.
Дар фарҷом ҷавонони шаҳри Душанбе, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ