image

РӮЗИ ОМӮЗГОР – ҶАШНИ ЭҲТИРОМ БА МАҚОМИ УСТОД

date_range02.10.2026, 07:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye4

1 октябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии №129-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Мусоҷонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Ҷӯрабек Муродзода, муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Ғаюров, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ Дилафрӯз Раҷабзода, инчунин омӯзгорон ва меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба мақоми баланди омӯзгор, қадршиносӣ аз заҳматҳои аҳли маориф ва таҳкими эҳтиром ба касби пуршарафи омӯзгорӣ баргузор гардида, дар он роҳбарияти муассиса, омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф, хонандагон ва меҳмонон иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки омӯзгор дар ҷомеа ҳамчун тарбиятгар, роҳнамо ва созандаи насли оянда мақоми хосса дошта, саҳми ӯ дар рушди маърифати ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи ватандӯстонаи насли наврас ниҳоят муҳим мебошад.

Қайд карда шуд, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар идомаи чорабинӣ омӯзгорони муассиса, ки дар фаъолияти касбии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, барои меҳнати содиқона ва саҳми арзандаашон дар таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки хонандагони муассиса баргузор гардида, онҳо бо қироати шеър, суруду тарона ва барномаҳои рангини фарҳангӣ ба устодони худ эҳтирому сипос изҳор намуданд. Барномаи идона ба ҳозирин рӯҳияи болида бахшида, нақши бузурги омӯзгорро дар ҳаёти ҷомеа бозгӯ намуд.

Рӯзи омӯзгор барои аҳли маориф на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рамзи эҳтиром ба илму дониш, хирад, маърифат ва заҳмати фидокоронаи устодон мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе омӯзгорони гиромиро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, неруи созанда, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъулияти омӯзгорӣ дастовардҳои бештар орзу менамояд.