Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи меҳмонхонаи Эҳсон дар ноҳияи Восеъ, 20 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 кӯдакистон, 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов, марказҳои хизматрасонӣ ва забономӯзӣ, бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳоти Миралиобод, корхонаи парандапарварӣ барои 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ, корхонаи истеҳсоли хишти Бадахшон-Тур, корхонаи истеҳсоли хишти Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ ва 70 километр роҳи мумфаршгардидаи маҳаллиро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳоти Бобошоҳиён ҷойгир буда, дар он 960 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Муассисаи нави таълимӣ дорои 16 синфхона, аз ҷумла 6 кабинети фаннӣ, ошхона бо 50 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Иншоот бо маблағгузории Раёсати сохтмони вилояти Хатлон сохта шуда, дар он 41 омӯзгор ва 13 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 воқеъ дар деҳоти Худоёр Раҷабов ҷойгир буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхона ва ду ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон мавҷуд мебошад. Муассисаи наву замонавӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва Кумитаи падару модарон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ сохта шудааст. Бо ба истифода додани иншооти нави соҳа 25 омӯзгори соҳибтахассус ва 15 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76 дар деҳаи Навдеҳ барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо саҳми сокинону соҳибкорони саховатпеша бунёд гардидааст. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар 9 синфхонаи наву барҳаво хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ 30 омӯзгор ба кор ҷалб шуд.
Иншооти дигари соҳа бинои нави кӯдакистон дар деҳаи Тосқалъа мебошад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Камол Ҳабибуллозода барои 80 кӯдак сохта шудааст. Иншоот дорои 8 синфхона, ошхона бо 40 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Бо мақсади таълими дӯстрӯякон 15 парастор ба кор ҷалб гардид.
Дар 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, ки дар доираи лоиҳаи “Рушди барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таълимӣ дар шаҳраки Ҳулбук ва деҳаҳои Меҳробод, Баҳористон, Гулистон, Навобод, Анористон, инчунин дигар маҳаллаҳо бунёд гардидаанд, барои ба таълим фаро гирифтани 325 тарбиятгиранда ва 26 ҷойи нави корӣ замина фароҳам омад.
Бинои нави шуъбаи милитсия дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Раҷабалӣ Мирзоализода бунёд гардидааст.
Бинои нав дорои 13 ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои кормандон ҷойи хобу истироҳат низ пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳои кории дорои шароити муосир ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ин сохтор мусоидат менамояд.
Бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта шуда, дорои 7 ҳуҷраи корӣ, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Маркази савдо ва хизматрасонии Восеъ-Мол, ки дар ҳамин рӯз аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, дар кӯчаи Султони Кабир ҷойгир буда, бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои хариду фурӯш ва пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун ба сокинон ва меҳмонони ноҳия бунёд шудааст.
Иншоот ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Назарзода сохта шудааст.
Маркази хизматрасонии Нур дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Нуриддин Сатторзода бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимӣ ба сокинон пешбинӣ шудааст.
Дар маркази хизматрасонӣ бахши дандонпизишкӣ фаъолият менамояд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар бино маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ фаъолият менамояд. Барои ташкили раванди таълим панҷ синфхонаи муҷаҳҳаз пешбинӣ гардида, дар як вақт имкони ба омӯзиш фаро гирифтани то 70 нафар мавҷуд аст.
Корхонаи парандапарварӣ барои парвариши 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ бо 10 ҷойи корӣ дар деҳаи Пушиёни Миёнаи деҳоти ба номи Худоёр Раҷаб ҷойгир буда, барои таъмини бозорҳои дохилӣ ва сокинон бо маҳсулотӣ гӯштӣ мусоидат хоҳад кард.
Ду корхонаи хиштбарорӣ, Бадахшон-Тур ва Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ бо таъсиси 60 ҷойи корӣ дар деҳаҳои Гулистон ва Тугарак бунёд гардида, дар амалигардонии саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини сокинон бо маҳсулоти сохтмонӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхонаи Бадахшон-Тур 24 миллион дона ва аз Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ 30 миллион дона хишт мебошад.
Дар идомаи иқдомҳои созанда бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 70 километр роҳҳои мумфаршгардидаи маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва интиқоли молу маҳсулот ва бехатарии воситаҳои нақлиёт имконият медиҳад. То охири сол дарозии умумии роҳҳои мумфаршгардида ба 100 километр расонида мешавад.
Дар маҷмуъ, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаҳои нави таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот зиёда аз 390 ҷойи нави корӣ барои сокинон муҳайё гардид.
Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 540 хонанда ҷойи нишаст ва дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 400 тарбиятгиранда шароит фароҳам гардид, ки ҳамаи ин нишонаи возеҳи сиёсати созанда, ғамхорӣ ва ҳидоятҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ