image

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

date_range05.10.2026, 13:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлобро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 100 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардиданд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур барои 60 корманди минтақаи мазкур ҷойи кории доиӣ ташкил гардида, кормандони он бо тамоми шароити лозима таъмин карда шуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз 23 утоқи корӣ, толори маҷлисгоҳ бо 108 ҷойи нишаст, 2 утоқи вохӯрӣ ва ошхона бо 54 ҷой иборат буда, бо техникаю таҷҳизоти замонавӣ, низоми муосири гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, назорати бехатарӣ ва видео таъмин мебошад.

Дар ошёнаи аввали бинои мазкур Маркази хизматрасонии Равзанаи ягона бунёд гардида, дар он хизматрасониҳои андозӣ, гумрукӣ, муҳоҷират, раводид, бонкӣ ва ғайра пешниҳод карда мешавад.

Дар доираи корҳои ободонӣ 2,1 километр роҳ бунёду мумфарш гардида, саҳни бино бо фаввораҳо, дарахтони ороишӣ, беш аз 15 ҳазор бех гули мавсимию ороишӣ ва 10 ҳазор бех гули садбарги рангоранг оро дода шудааст. Инчунин, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар толори варзишии он 32 адад таҷҳизоти варзишӣ насб гардидааст.

Бунёди бинои нави маъмурияти МОИ Кӯлоб барои фароҳам овардани шароити муосири хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақа, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ нигаронида шудааст.