image

ИФТИТОҲИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range07.10.2026, 14:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Дар маросим намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии озмун, ҳайати ҳакамон, масъулони соҳаи маориф, омӯзгорон ва иштирокчиёни даври шаҳрӣ ҳузур доштанд.
Маросими ифтитоҳро Саъдизода Ҷаҳонгир - сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе оғоз намуда, иштирокчиён ва меҳмононро аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфт.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббус ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ, ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба мутолиаи китоб баргузор мегардад.
Қайд карда шуд, ки дар даври якуми озмун дар шаҳри Душанбе 94 ҳазору 746 нафар иштирок намуда, аз рӯйи натиҷаҳои даври дуюм 444 нафар довталаб, аз ҷумла 357 нафар занону духтарон, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд.
Аз шумораи умумии иштирокчиёни даври шаҳрӣ 97 нафар хонандагони синфҳои 1–4, 98 нафар хонандагони синфҳои 5–8, 98 нафар хонандагони синфҳои 9–11, 90 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 31 нафар омӯзгор ва 30 нафар намояндагони соҳаҳои илму адаб, фарҳангу санъат ва дигар касбу кори гуногун мебошанд.
Дар идома аз ҷониби сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муовини раиси Комиссияи даври шаҳрии озмун Исмоилзода Баҳром Мансур намояндагони Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва ҳайати ҳакамони даври шаҳрӣ аз рӯйи номинатсияҳои «Адабиёти кӯдакону наврасон», «Адабиёти классикии тоҷик», «Адабиёти муосири тоҷик» ва «Адабиёти ҷаҳон» муаррифӣ гардиданд.
Ба ҳайати ҳакамон ҷиҳати риояи қатъии талаботи Низомномаи озмун, таъмини шаффофият, адолат, беғаразӣ ва баҳогузории воқеъбинона тавсияҳои дахлдор дода шуда, таъкид гардид, ки барои ҳамаи иштирокчиён бояд шароити баробар фароҳам оварда шавад.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён хотири ҷамъ, ҷавобҳои мукаммал ва муваффақият орзу гардида, зикр шуд, ки расидан ба даври шаҳрӣ худ натиҷаи мутолиаи пайваста, заҳмату талош ва муҳаббати онҳо ба китобу дониш мебошад.
Сипас, даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ гардида, иштирокчиён мутобиқи номинатсияҳо ва гурӯҳҳои муайяншуда ба толору синфхонаҳои баргузории озмун роҳнамоӣ шуданд.
Ҳамин тариқ, дар пойтахти мамлакат рақобати беҳтарин китобхонону сухандонон барои дарёфти роҳхат ба даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.