image

Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд

date_range14.10.2026, 15:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye50

14 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз аз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Корея» дидан намуданд.

Масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гӯшти моҳӣ дар як сол мебошад. Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло қариб 100 ҳазор моҳӣ доранд. Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо шароити озмоишгоҳ ба кори кормандон ва муассисони хоҷагӣ баҳои баланд доданд.