image

Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд

date_range14.10.2026, 15:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye37

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» шинос гардида, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои милливу маҳаллӣ боздид намуданд.

Иброз гардид, ки комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, дар зиёда аз 2 гектар бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ сохта шудааст.

Дар комплекси сайёҳӣ 10 хонаи истиқоматӣ ва дигар таҷҳизоти солимгардонӣ ворид ва насб шуда, дастгоҳу таҷҳизоти дохили он бо ишора идора карда мешавад.

Тибқи маълумот, ҳоло дар ноҳияи Дарвоз зиёда аз 160 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият дошта, шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ин минтақа дидан менамоянд.