image

Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд

date_range14.10.2026, 15:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye49

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Қалъаи Хумби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмони варзишгоҳи болопӯшида дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ моҳи июни соли 2026 оғоз ёфта, моҳи октябри соли 2026 бо риояи талаботи сатҳи байналмилалӣ ба анҷом расид.