image

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» ДАР НОҲИЯИ СИНО

date_range16.10.2026, 07:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye11

15 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии мактаби мусиқии бачагонаи №3-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ситора Сафарализода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки нақши мондагори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди таърих, фарҳанг, маънавиёт ва давлатдории навини тоҷикон басо арзишманд мебошад.

Зикр гардид, ки асарҳои Пешвои муаззами миллат ҳамчун ганҷинаи нодири маънавӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа аҳаммияти хосса доранд.

Дар идомаи озмун, тибқи талаботи низомнома, аъзои ҳайати ҳакамон аз довталабон вобаста ба мазмуну муҳтавои китобҳои Пешвои муаззами миллат саволҳо пешниҳод намуда, донишу ҷаҳонбинӣ ва сатҳи омодагии онҳоро мавриди санҷиш қарор доданд.

Озмуни мазкур ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ миёни наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.