ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 июни соли 2026, №431 "Дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни шаҳрии Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе", инчунин бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, рушди маърифати маънавӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави боистеъдод дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тибқи Низомномаи озмун аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» дар соли - 2026 баргузор мегардад.
Озмун аз рӯйи 4 номинатсия баргузор мешавад:
- эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;
- қироати беҳтарин шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе;
- иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе;
- иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе.
Довталабон вобаста ба номинатсия ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
Гурӯҳи якум – аз 11 то 17 сола;
Гурӯҳи дуюм – аз 18 то 35 сола;
Гурӯҳи сеюм – эҷодкорони касбӣ;
Нафароне, ки хоҳиши иштирок дар даври ноҳиявии озмуни мазкурро доранд ва дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ кору фаъолият ва зиндагӣ мекунанд то санаи 25 октябри соли равон ҳуҷҷатҳои лозимаро ба унвони Комиссияи баргузории даври ноҳиявии озмун пешниҳод намоянд.
ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ:
227-96-53, 227-43-50
(+992)877-77-19-77
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ