image

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ МЕҲРГОН

date_range17.10.2026, 07:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye11

Ҳамватанони азиз!

Сокинони заҳматпешаи пойтахт!

Ҳамаи шумоёнро ба муносибати ҷашни бостонии Меҳргон, ки ҳамчунин бо Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ рост меояд, самимона табрик мегӯям.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик буда, рамзи ҳосилхезӣ, фаровонӣ, баракат ва арҷгузорӣ ба меҳнати созандаи инсон мебошад. 

Он дар баробари суннатҳои пурғановати миллӣ - Наврӯз, Тиргон ва Сада аз фарҳанги волои ниёгонамон сарчашма гирифта, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва имрӯз ҳамчун ҷузъи муҳими мероси маънавию фарҳангии халқамон таҷлил мегардад.

Меҳргон моро ба қадршиносии заҳмати кишоварзон, истифодаи оқилонаи неъматҳои табиат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳидоят менамояд. 

Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти чунин суннатҳои аҷдодӣ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо вазифаи пуршарафи ҳар яки мост.

Бо истифода аз ин фурсати нек, бори дигар кулли ҳамдиёрон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва деҳқонону кишоварзони мамлакатро бо иди Меҳргон ва Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ муборакбод намуда, ба ҳар як хонадони кишвар саломатӣ, хушбахтӣ, дастархони фаровон ва зиндагии ободу осуда орзу менамоям.

Бигзор, дар Тоҷикистони маҳбубамон сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор буда, Ватани азизамон боз ҳам ободу пешрафта гардад.

Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!