Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласа 52 масъала баррасӣ гардид.
Аъзои Шурои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва «Дар бораи муҳоҷират»-ро, ки дар шакли мукаммал қабул гардидаанд ва ҳамчунин як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, меҳнат, оила ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи ҷаласа аъзои Шуро, як қатор қонунҳои дигарро вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.
Ҳамчунин, пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва номгузорӣ намудани он мавриди баррасии аъзои Шуро қарор гирифт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ