Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 51 масъала, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллӣ Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва «Дар бораи муҳоҷират»-ро, ки дар шакли мукаммал қабул гардидаанд ва ҳамчунин як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, меҳнат, оила ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Дар идома, аъзои Маҷлиси миллӣ як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баррасӣ ва ҷонибдорӣ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» андешаҳои худро вобаста ба муҳиммияти қабули қонун баён намуданд.
Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза ҳифзи генофонди миллат, таъмини солимии ҷомеа ва ҳифзи саломатии наслҳои оянда аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа ба шумор меравад.
Аз аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар намояндагони халқ даъват ба амал оварда шуд, ки дар таъмини риояи қонунгузорӣ дар ин самт ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ба воя расидани насли солиму ояндасоз саҳмгузор бошанд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ дар идомаи иҷлосия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ва дар маҷмуъ боз 25 қонунҳои дигарро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва номгузорӣ намудани он дастгирӣ карда, оид ба ин масъала қарори дахлдор қабул намуданд.
Ҳамчунин, бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзонабот Алишер бинобар вафоташ пеш аз муҳлат қатъ гардида, ӯ аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.
Бо ҳамин, иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ба кори худ анҷом бахшид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ