НАМОЯНДАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ЕВРАЗИЯ – 2026» ПИРӮЗ ГАРДИД
15 октябри соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Назрихуҷа Сайдалиев бо лоиҳаи «Технологияи Авруосиё: Олимпиадаи байналмилалии даставии ихтироъкорон ва ҳунармандони наврас» дар номинатсияи «Мосты дружбы» («Пулҳои дӯстӣ») ғолиби овоздиҳии байналмилалии Премияи «Евразия-2026» гардида, ҳамчун ягона намояндаи ғолиб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин дастоварди назаррас ноил шуд.
Дар доираи чорабиниҳои Премия намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва шахсиятҳои баландпояи Федератсияи Россия, аз ҷумла Дмитрий Песков - котиби матбуотии Президенти Федератсияи Россия ва вазири тандурустии ин кишвар иштирок намуданд. Ҳамзамон, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва Дмитрий Песков иштирокчиёну ғолибони Премияро табрику таҳният гуфтанд.
Лоиҳаи намояндаи Тоҷикистон аз миёни 5512 лоиҳаи 73 кишвари ҷаҳон ба даҳгонаи беҳтарини номинатсияи худ роҳ ёфта, 14 октябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Radisson Collection»-и шаҳри Москва дар назди ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ҳимоя гардид.
Асоси ин ташаббусро таҷрибаи панҷсолаи баргузории олимпиадаи шаҳрӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ташкил медиҳад, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, 68 016 нафар кӯдаку наврасро фаро гирифтааст.
Ҳадафи лоиҳа густариши ин таҷрибаи муваффақ аз сатҳи шаҳрӣ ба сатҳи байналмилалӣ, муттаҳид намудани кӯдакону наврасони кишварҳои Авруосиё тавассути илму ихтироъкорӣ, робототехника, технологияҳои муосир ва эҷодиёти муштарак мебошад.
Тибқи нақшаи рушди лоиҳа, шаҳри Душанбе минбаъд ҳамчун қароргоҳи марказӣ (штаб-квартира)-и Олимпиадаи байналмилалии «Технологияи Авруосиё» барои кишварҳои Авруосиё муайян гардида, баргузории нахустин олимпиадаи байналмилалӣ дар соли 2027 дар пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ин иқдом барои табдил додани Душанбе ба майдони муҳими ҳамкориҳои илмиву эҷодии насли навраси кишварҳои гуногун замина мегузорад.
Назрихуҷа Сайдалиев ин пирӯзиро ба кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва тамоми Тоҷикистон бахшида, ба мардуми шарифи кишвар барои дастгирии фаъолона дар овоздиҳии байналмилалӣ изҳори сипоси самимӣ намуд.
Ин дастовард бозгӯи самараи сиёсати маорифпарваронаву ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти рушди илму маориф ва таҳсилоти иловагӣ мебошад.
Ҳамзамон, ҳадафҳои лоиҳа бо руҳияи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 25 июни соли 2026 оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ҳамоҳанг буда, ба таҳкими дӯстӣ, сулҳ ва ҳамкории созандаи наслҳои оянда мусоидат менамоянд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ