Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон бо Сарвазири Шурои давлатии Чин
18 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Дар ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар Қоҳир Расулзода зикр кард, ки бо шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои сарони давлатҳо, муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи баланд қарор доранд.
Инчунин, имзои протоколҳои нав барои васеъ кардани рӯйхати маҳсулоти содиротӣ ва осон намудани дастрасии истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозори Чин муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва коркарди ашёи хомро аз самтҳои афзалиятнок хонда, пешниҳод карданд, ки дар самти нассоҷӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди пахта ва то ба маҳсулоти тайёр расонади он тадбирҳои судманд андешида шаванд. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва коркард бошад, ба манфиати ҷонибҳо унвон шуд.
Инчунин, ҷонибҳо ба густариши робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори сайёҳии ҷумҳурии мо ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмӣ Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 20 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок хоҳад кард.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ