Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
19 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Вэнтао дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд.
Эстакадаи якум дар қитъаи кӯчаҳои Абай — Абдулаҳад Қаҳҳоров бунёд гардида, дарозии роҳ 3,736 км-ро ташкил медиҳад.
Роҳи дусатҳаи нави сохташавандаи дуюм дар буриши кӯчаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ бо Абдулаҳад Қаҳҳоров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад ва 2,310 км дарозӣ дорад.
Эстакадаи сеюм дар кӯчаҳои Ҷанубӣ – Абдулаҳад Қаҳҳоров бо пул қарор гирифта, дарозии роҳ 2,848 км ва дарозии пул 0,23 км мебошад.
Лоиҳаи сохтмони эстакадаҳо ва пул дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Агентии давлатии рушди байналмилалии Ҷумҳурии
Мардумии Чин амалӣ гардида, аз ҷониби ширкатҳои Чинии China Railway First Survey and Design Institute Group ва Xi’an Engineering Consultancy & Management идора карда мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи мазкур барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муайянгардида дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода, таъкид доштанд, ки он бояд мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд гардад, то солҳо ба сокинон хизмат намояд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ