image

Маросими супоридани Ифтихорномаҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range19.10.2026, 16:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye20

Имрӯз, 19 октябр дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани Ифтихорномаҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарият ва корманди Кумита ва зерсохторҳои он баргузор гардид.

Зимни маросим ба як қатор кормандони соҳаи телевизион барои саҳми арзанда дар инъикоси масъалаҳои рушди сайёҳӣ ва тарғибу муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар Ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Ин иқдом ба қадршиносии заҳмати кормандони воситаҳои ахбори омма ва таҳкими ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ дар самти муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон равона гардидааст.