image

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

date_range20.10.2026, 21:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye5

Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқ, муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Дар оғози иҷлосия котибот интихоб гардида, рӯзнома ва ҳайати таҳририяи иҷлосия тасдиқ карда шуд. Сипас вакилон масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба иҷрои қарорҳои Раиси ноҳия, фаъолияти мақомот дар самти омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 ва дигар масъалаҳои муҳими рӯзномаи иҷлосия баррасӣ гардиданд.

Инчунин, қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ тибқи тартиб тасдиқ карда шуда, аз рӯйи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар ҷамъбасти иҷлосия Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб масъулонро барои иҷрои саривақтии қарорҳои қабулгардида, тақвияти ҳамкорӣ бо сокинон ва пешниҳоди масъалаҳои мубрам ба мақомоти дахлдор вазифадор намуданд.