image

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

date_range22.10.2026, 07:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye10

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2026 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа раиси Кумита Саидзода Носир, муовинони раис, аъзои ҳайати мушовара, роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории Кумита иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъалаи аввал ба фаъолияти Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ва телевизионҳои минтақавӣ бахшида шуда, вазъи фаъолияти онҳо ва масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани кори сохторҳои мазкур мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Масъалаи дуюм ба маърузаи раиси Кумита оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар нуҳ моҳи соли 2026 бахшида шуда, натиҷаҳои фаъолият, дастовардҳо ва масъалаҳои мавҷуда баррасӣ гардиданд. Дар ин замина, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, такмили фаъолияти сохторҳо ва иҷрои вазифаҳои дар назди Кумита гузошташуда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин, дар доираи масъалаҳои ҷорӣ дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Кумита ва сохторҳои тобеи он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти сохторҳо вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.