БОНУВОНИ НАМУНАВӢ — СОҲИБОНИ ҶОЙҲОИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ҲАМСАР»
Имрӯз дар "Қасри бахти" шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар», ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҷамъбаст шуд.
Боиси ифтихори ноҳияи Шоҳмансур аст, ки намояндагони он дар ин озмун натиҷаҳои назаррас нишон дода, Арипова Салтанат, табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №3-и ноҳияи Шоҳмансур, сазовори ҷойи якум ва Каримова Саломат Қурбоналиевна, мудири шуъбаи солимии репродуктивии ҳамин марказ, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Озмуни «Беҳтарин ҳамсар» ба таҳкими пояҳои оила, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, тарғиби суннатҳои неки миллӣ ва қадршиносии нақши зан дар бунёди оилаи солиму устувор равона гардидааст.
Дастоварди бонувони ноҳияи Шоҳмансур намунаи масъулиятшиносӣ, эҳтироми арзишҳои оилавӣ ва саҳми арзандаи занон дар ҳаёти ҷомеа мебошад.
Ин дастоварди арзанда боиси ифтихори ноҳияи Шоҳмансур буда, бори дигар аз мақому манзалати бонувон ва саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ