image

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

date_range23.10.2026, 18:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

Имрӯз дар толори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Соҳибзода, ҳуқуқшиноси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Зафар Холмаҳмадзода, раиси Иттиҳодияи иттифоқи касабаи Кумита Парвиз Асадуллоҳзода ва як гурӯҳ кормандони соҳа иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Барно Соҳибзода нақши иттифоқҳои касабаро дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъмини шароити муносиби корӣ ва таҳкими ҳамкории иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати иди касбӣ табрик гуфт.

Дар идомаи чорабинӣ як гурӯҳ кормандон барои саҳми арзанда дар фаъолияти касбӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои соҳавӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, баёнгари эҳтиром ба меҳнати кормандон ва арҷгузорӣ ба нақши иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо буд.