image

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ АЗ РӮИ УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" ДАР МТМУ №68

date_range23.10.2026, 18:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

22 октябр гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо усули "Мактаб ба мактаб" бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68- и ноҳия вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар вохӯрии мазкур мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндаи Агентии мавооди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Прокуратураи ноҳия, намояндагони Шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия, Шубаи ВКД ҶТ дар ноҳия ва роҳбарияти муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшави ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатми будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", "Дар бораи маориф", "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ ва риояи маданияти шаҳрнишинӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.