image

АНСАМБЛИ «МЕҲРОНА» САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ ГАРДИД

date_range26.10.2026, 16:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

Ансамбли рақсии кӯдаконаи «Меҳрона»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои XX байналмилалии ҷавонони делфии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 5–9 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, сазовори ҷойи дуюм гардид.

Бозиҳои делфӣ яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалии фарҳангӣ ба шумор рафта, ба кашфу дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва муаррифии санъату фарҳанги халқҳои гуногун мусоидат мекунанд. Иштирок дар чунин чорабиниҳо барои кӯдакон имкони муносиб фароҳам меорад, ки маҳорати ҳунарии худро нишон дода, таҷриба андӯзанд ва бо фарҳангу анъанаҳои дигар халқҳо шинос шаванд.

Сазовор гардидани ансамбли рақсии кӯдаконаи «Меҳрона» ба ҷойи дуюм дастоварди назаррас буда, аз истеъдоду маҳорати раққосачаҳои ҷавон ва саҳми роҳбарону омӯзгорон дар рушди ҳунари онҳо шаҳодат медиҳад.

Ба муносибати ин дастоварди арзанда роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони ансамбли «Меҳрона», роҳбарону омӯзгорони онро табрик намуда, барои ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии заҳмати онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.