ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД
Дар доираи ин тадбирҳо, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва дастгирии соҳибкорони ватандӯсту сокинони фаъоли маҳалла, корҳои мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Ҳосилот-1-и ноҳия оғоз гардид.
Ҳадафи асосии ин иқдом беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон, таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин баланд бардоштани сатҳи ободонӣ ва симои зебои пойтахт мебошад. Мумфарш гардидани роҳ на танҳо мушкилоти чандинсолаи сокинонро бартараф мекунад, балки барои рушди инфрасохтори маҳалла ва фароҳам овардани муҳити мусоиди зиндагӣ заминаи мусоид мегузорад.
Сокинони маҳалла аз чунин иқдомҳои созанда истиқбол намуда, изҳор медоранд, ки корҳои ободонӣ самараи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумат буда, ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд дар ҳифзу нигоҳдории ин дастовардҳо саҳми арзандаи худро гузорад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ