image

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон муҳтарам Дунягозел Гулманова

date_range28.10.2026, 18:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye51

28 октябр дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон муҳтарам Дунягозел Гулманова, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо аз фазои созанда ва амалии муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми роҳбарони ду давлатро дар таъмиқи шарикии стратегӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки дар парламенти Тоҷикистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Туркманистон таъсис дода шудаанд. 
Ҷонибҳо тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳоро зарур донистанд.
Зарурати истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии ду кишвар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиш додани ҳаҷми гардиши мол таъкид гардид.
Ҳамзамон ба густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунии байналмилалӣ, ҷонибҳо ба аҳаммияти тақвияти ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосир ва таъмини амнияти минтақавӣ таъкид доштанд.