image

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Айбек Дадебай

date_range29.10.2026, 14:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye12

29 октябр дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Айбек Дадебай мулоқот анҷом доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон дар самтҳои гуногун бар пояи дӯстӣ, эътимоди мутақобила ва ҳамкории судманд таҳким меёбанд.

Зимни мулоқот ба нақши калидии сарони ду давлат дар таҳкими муносибатҳои ҳампаймонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. 

Ҷонибҳо ҳавсмандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла таҳкими робитаҳои амалии Маҷлиси миллӣ бо Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз самтҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба маҳсуб меёбад, иброз намуданд.

Дар баробари ин, ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, бахшҳои нақлиёту логистика, энергетика, сармоягузорӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.

Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, густариши табодули илмию таълимӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буданд.