Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд як иншооти муҳими хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодомро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази савдо ва хизматрасонии Суғд Молл ба фаъолият оғоз намуд. Дар иншоот бо мақсади ташкили фурӯши молу маҳсулот мағозаю нуқтаҳои савдо сохта шудаааст. Дар маҷмӯъ, ин марказ барои 350 нафар ҷойи кор фароҳам меорад. Дар маҷмаа ба ғайр аз мағозаҳо, инчунин, ошхонаю тарабхона низ пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани маркази савдою хизматрасонии Суғд-молл барои рушди тиҷорат, дастрасии аҳолӣ ба молу маҳсулоти ватанию хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Конибодом 13 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки иншооти мазкур соҳаҳои саноат, маориф, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро фаро гирифта, барои рушди минбаъдаи шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид мегузоранд.
Яке аз иншооти муҳими истеҳсолӣ корхонаи парандапарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ганҷи ҷаҳон дар деҳоти Кӯҳандиёри шаҳри Конибодом мебошад. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фирдавс Ҳасанзода бунёд гардида, барои парвариши 30 ҳазор сар мурғи гӯштӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 20 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, иқтидори он дар як сол 300 тонна гӯшти мурғро ташкил медиҳад. Корхона бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, раванди бо обу ғизо таъмин намудани парандаҳо ба таври худкор ба роҳ монда шудааст.
Дар шаҳри Конибодом, ҳамчунин, корхонаи рехтагарии оҳани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бодом» ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти саноатӣ бо ташаббуси соҳибкор Самиҷон Собирзода сохта шуда, барои 50 нафар ҷойи корӣ фароҳам меорад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 600 тонна маҳсулоти рехтагариро ташкил медиҳад. Маҳсулоти он, асосан, барои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои коркарди маъдан, таҷҳизоти корхонаҳои семент ва пойгоҳҳои обкашӣ истифода мешавад.
Дар доираи иқдомҳои созандагӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 низ ба истифода дода шуд. Муассиса барои 900 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 19 синфхона ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон мебошад. Китобхонаи анъанавию электронӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва толори маҷлис бо 250 ҷойи нишаст аз ҷумлаи имкониятҳои муҳайёгардида дар ин муассиса мебошанд.
Инчунин, дар деҳаи Файзбори шаҳри Конибодом муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 18 синфхона иборат аст. Дар муассиса 20 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул хоҳанд шуд.
Дар ин рӯз, муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом низ ба истифода дода шуд. Бинои таълимӣ барои 750 донишҷӯ пешбинӣ гардида, аз 21 синфхона, 20 ҳуҷраи корӣ, ду синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳ, китобхона, ошхона ва толори варзишӣ иборат мебошад. Гуфта шуд, ки фароҳам овардани чунин шароит ба баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.
Инчунин, бинои маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Конибодом мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот дорои 13 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Таъмини марказ бо таҷҳизоти муосир ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки назорати сифати маҳсулоти озуқаворӣ ва риояи талаботи бехатарии он боз ҳам тақвият ёбад.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сомониён дар деҳаи Сомониёни шаҳри Конибодом барои 200 кӯдак бо 22 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бино аз ҳашт ҳуҷра иборат буда, барои ташкили дурусти раванди таълиму тарбия ва будубоши кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Иншооти дигари муҳим корхонаи асфалт мебошад, ки бо иқтидори истеҳсолии 480 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз ба фаъолият оғоз намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти он дар таъмини соҳаи роҳсозӣ бо маҳсулоти зарурӣ ва татбиқи босифати лоиҳаҳои инфрасохторӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Конибодом меҳмонхонаи замонавии «Ватан» низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти хизматрасонӣ бо ташаббуси соҳибкор Зафар Очилзода бунёд гардида, дорои 16 ҳуҷра мебошад. Меҳмонхона барои дар як вақт қабул намудани 60 нафар пешбинӣ шудааст.
Дар деҳаи Ғалабаи деҳоти Патар корхонаи коркард ва бастабандии меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меваи Камол ба фаъолият оғоз кард. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Камол Юсуфзода бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 600 тонна меваи хушкро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти корхона барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва тавсеаи имкониятҳои содиротӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар идома, дар маҳаллаи Ғалчамуллои деҳоти Пӯлотон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Нуринисо мавриди истифода қарор гирифт. Муассиса барои фарогирии 160 тарбиятгиранда пешбинӣ шуда, аз ҳафт ҳуҷра, ошхона ва толори мусиқӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо барои таълиму тарбияи кӯдакон ва ташкили фароғати онҳо шароити мусоид муҳайё гардидааст.
Ҳамчунин, дар деҳаи Равоти шаҳри Конибодом муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 160 кӯдак ба истифода дода шуд. Дар иншоот бо назардошти талаботи соҳа барои ташкили фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва будубоши кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом бозгӯ аз вусъати корҳои созандагӣ, таваҷҷуҳи соҳибкорон ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва фаъолон барои иҷрои саривақтии нақшаҳои созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи соҳибкорон ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муосири шаҳрсозӣ, истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда ҳангоми бунёди иншооти нав ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 84 иншооти нав бо 2400 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Танҳо 1 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Конибодом 18 иншоот ифтитоҳ ёфт, ки аз ин, 7 корхонаи саноатӣ, 4 кӯдакистон барои 760 таълимгиранда, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1540 хонанда, коллеҷи тиббӣ барои 750 донишҷӯ ва 5 муассисаи хизматрасонӣ мебошад. Дар маҷмуъ дар иншооти ифтитҳшудаи ин шаҳру ноҳияҳо 850 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ